Боздошти 8 шаҳрванди Сурия бо шиносномаҳои қалбакӣ дар Қазоқистон
Хадамоти марзбонии Қазоқистон мегӯяд, ҳашт шаҳрванди Сурияро боздошт кардааст, ки мехостанд, бо шиносномаи қалбакии Булғористон тариқи ин кишвар ба Аврупо бираванд.
Шаш нафари онҳо субҳи имрӯз дар фурудгоҳи Алмато дастгир шудаанд. Ба иттилои мақомот, боздоштшудаҳо гуфтаанд, ки мехостанд, тариқи Қазоқистон ба кишварҳои Иттиҳоди Аврупо бираванд.
Ду нафари дигарро дирӯз дар фурудгоҳи Остона дастгир карданд, ки онҳо низ гуфтанд, "бо мақсади пайдо кардани шароити беҳтари зиндагӣ" қасди сафар ба Бритониёро доштанд.
Хадамоти матбуотии Кумитаи давлатии амнияти миллии Қазоқистон гуфт, ин шаҳрвандони Сурия ҳангоми боздошт бо худ шиносномаҳои қалбакии Булғористонро доштанд.
Тайи солҳои ҷанги шаҳрвандии Сурия, аз соли 2011 инҷониб беш аз 300 ҳазор одам кушта ва миллионҳо нафар гуреза шудаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |