Барои таҳқири Президент. Ба ҳукми Ёров боз 3 сол зам шуд
Ба ҳукми Бузургмеҳр Ёров, адвокати зиндонӣ ахиран боз се соли дигар зам шудааст. Ин бор ӯро дар таҳқири оммавии Президент ва қаллобӣ муҷрим шинохтаанд. Якҷо бо ҳукмҳое, ки дар гузашта содир шуда буд, Бузургмеҳр Ёров акнун 28 солро пушти панҷара мегузаронад.
Наздикони Ёров гуфтаанд, ин ҳукм ҳафтаи гузашта содир шудааст, аммо онҳо танҳо имрӯз аз он хабар ёфтаанд. Пайвандони адвокат ба “Азия Плюс” гуфтаанд, “моро ҳатто огоҳ накарданд, ки ҳафтаи гузашта дар додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ ҳукмро эълон мекунанд”.
Ба гуфтаи онҳо, эълони ҳукм пушти дарҳои баста сурат гирифтааст. Қаблан, намояндаи додситонӣ аз додраси парванда хоста буд, “барои туҳқири Пешвои миллат ва қаллобӣ” Ёровро ба 17 соли зиндон маҳкум кунад.
Ёров тирамоҳи соли 2015 замоне боздошт шуд, ки аз ҳуқуқи боздоштшудаҳои ҳизби дар Тоҷикистон мамнуи наҳзати исломӣ дифоъ мекард. Дар оғоз ӯро дар қаллобӣ ва тақаллуби аснод муттаҳам мекарданд. Баъдан ба ин иттиҳом даъвати оммавӣ барои фаъолиятҳои экстремистӣ ҳам “часпид” ва дар пайи ду ҳукми додгоҳ 25 сол ҳукм гирифт. Бо ин се соли дигар муҳлати ҳабси ӯ ба 28 сол расид. Ҳадди ниҳойии ҳабс дар Тоҷикистон 30 сол ё ҳабси абадро ташкил медиҳад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |