Чоршанбе, 2 Апрел 2025
Вазир: Қонунан, донишҷӯёни мошинсаворро хориҷ мекунем
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон имрӯз, 23-юми август тағйирот ба қонуни марбут ба таҳсилоти олӣ ва касбӣ тағйиру иловаҳоро қабул кард.
Нуриддин Саид, вазири маориф ва илми Тоҷикистон зимни муаррифии лоиҳа дар парлумон гуфт, бар асоси тағйирот донишҷӯёне, ки бо мошинашон ба дарс ҳозир мешаванд, аз муассисаи таълимӣ хориҷ хоҳанд шуд. Ӯ таъкид намуд, ки хориҷшудаҳо барои мошинсаворӣ ҳақ надоранд, то се сол ба донишгоҳу донишкада барқарор шаванд.
Ин дар ҳолест ки ахиран ба Кодекси этикаи хизматчиёни давлатӣ низ тағйирот ворид гардид, ки бар асоси он мақомдорони тоҷик бояд назорат кунанд, то фарзандонашон бо мошин ба донишгоҳу донишкада ҳозир нашаванд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |