Пешниҳоди вакил алайҳи нархҳои “осмонӣ”-и ситораҳо: То 5 ҳазор $ мегиранд...

Ҷаббор Ахмедов, вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон пешниҳод кард, ки нархи иштироки сарояндаҳо дар тӯйҳо танзим карда шавад.
Ахмедов имрӯз, 23-юми август зимни баррасии тағйиру иловаҳо ба қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” гуфт, бархе сарояндаҳо барои иштирок дар тӯй аз 500 то 5 ҳазор доллари амрикоӣ талаб мекунанд, ки хеле гарон аст: “Ин ситораҳо, ки то 5 ҳазор доллар талаб мекунанд, ба сарояндаҳои дигар таъсири бад мерасонанд”.
Вакили мардумӣ аз мақомоти дахлдор талаб кард, ки масъалаи мазкурро таҳти назорат гиранд. Ӯ дар маҷмуъ аз тағйирот ба қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҷонибдорӣ намуд. Ахмедов мисол овард, ки феълан бисёриҳо маҳз барои баргузории тӯй ба муҳоҷират мераванд: “Танзими ин масъала ва қабули лоиҳа ба раванду мазмуни муҳоҷират низ таъсир мерасонад”.
Тағйирот ба қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз сӯи Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳур пешниҳод шуда, ҷавобгарӣ барои нақзи қонунро пурзӯр мекунад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |