Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз агентии мазкур хабар доданд, дар кори ҷаласа намояндагони вазоратҳои корҳои дохилӣ, тандурустӣ, маориф, кумитаҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, телевизион ва радио, кор бо занон ва оила, кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, хадамоти гумрук ва прокуратураи генералии Тоҷикистон иштирок намуданд. Зимни ҷаласа иштирокчиён аз кори анҷомдодаи вазорату идораҳо дар самти пешгирии нашъамандӣ ва мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ҳисобот доданд. Қайд карда шуд, ки фаъолияти ҳамаи вазорату идораҳо дар ин самт дар партави талаботи тавсияҳои Барномаи давлатии ягонаи мақсадноки пешгирии нашъамандӣ ва мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар дар Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012 ва мутобиқи нақшаҳои корӣ ба роҳ монда шудааст. Соли 2012 низ кор дар ин самт бо назардошти татбиқи барномаҳо, ташкили чорабиниҳое, ки ба коҳиши талабот ба маводи мухаддир, афзудани дастрасӣ ва самаранокии фаъолият оид ба табобат ва офиятбахшии беморони гирифтори нашъамандӣ равона шудаанд, роҳандозӣ хоҳад шуд. Дар хотимаи ҷаласа ширкаткунандагон пешниҳод намуданд, ки дар оянда низ кори пешгирии нашъамандӣ ва муқовимат бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дар қаламрави кишвар тақвият бахшида шавад.
Мӯҳр
« Апрел 2025 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 |