Кӯлоб: Чаро модари чор фарзанд худсӯзӣ кард?
Дар шаҳри Кӯлоб як зани 43-сола худро оташ задааст.
Наздикони Ҳарамгул Давлатова, сокини деҳаи Лағмон мегӯянд, ин ҳодиса 17 август иттифоқ афтода, дар ҳолати вазнин ба беморхонаи вилоятии шаҳри Кӯлоб мунтақил шудааст. Табибон вазъи ӯро беҳтар арзёбӣ мекунанд.
Ба иддаои Нозукбӣ Давлатова, хоҳари Ҳарамгул, рӯзи ҳодиса шавҳараш ба хона маст омада, ӯро дашному таҳқир мекунад: “20 соли умраш ҳамин хел гузашт. Аммо ин бор тоб наоварда, худро оташ мезанад”.
Хонум Давлатова афзуд, Ҳарамгул чор фарзанд дорад.
Дар ҳамин ҳол, як манбаъ аз додситонии шаҳри Кӯлоб ба “Озодагон” гуфт, ҳоло нисбати ин ҳодиса тафтишот идома дошта, ҳамсари Ҳарамгул дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |