10,6 сол ҳукми як зани узбак бо иттиҳоми “ҷосусӣ ба нафъи Тоҷикистон”

Додгоҳи низомии Узбакистон як сокини шаҳри Ширини вилояти Сирдарёи ин кишварро дар ҷосусӣ ба нафъи Тоҷикистон айбдор ва 10 солу 6 моҳ равонаи зиндон кардааст.
Ҳукми Алена Кими 36-сола 12 июли соли равон содир шудааст, вале вакили дифоъ ва наздикони Ким онро танҳо 21 август расонаӣ карданд. Ба гуфтаи наздикони маҳкумшуда, Ким ба ҷосусӣ, додани маълумотҳои дорои сирри давлатӣ ба намояндаи кишвари хориҷӣ, анҷоми амалҳои душманона зидди давлати худ ва халалдор кардани амнияти кишвар айбдор шудааст.
Виктория Султонмуродова, хоҳари калонии Ким гуфтааст, мақомоти Узбакистон хоҳарашро барои он ба ҷосусӣ айбдор карданд, ки як муддат дар Тоҷикистон кору зиндагӣ кардааст. “Ӯро дар аввал 10 рӯз ба ҳабси маъмурӣ гирифтанд ва баъди он ки гуфтанд, полро бишӯй нашӯст, муҳлати ҳабсашро дароз карданд”, -афзудааст Султонмуродова.
Ба қавли Надежда Пак, вакили дифои маҳкумшуда, Ким, ки пештар як чанд сол дар бахшҳои Вазорати умури дохилии Узбакистон кор кардааст, ҳамроҳ бо дугонааш Зуля Ҳалимова ба Тоҷикистон рафта, аз соли 2004 то 2005 дар тарабхонаи “Очил”-и шаҳри Хуҷанд пешхидматӣ кардааст. Ба гуфтаи Султонмуродова, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Узбакистон соли гузашта ҳангоми боздошти дугонаи хоҳараш Ҳалимова дар миёни аксҳои боздоштшуда акси Алена Кимро дидаанд: “Ҳангоми бозҷӯӣ Ҳалимова зидди хоҳари ман баёнот дод. Вале бо вуҷуди ин ӯро низ ба ҷосусӣ ва убури ғайриқонунии марз айбдор ва 12 сол зиндонӣ карданд”.
Алена Ким модари ду фарзанд аст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |