Хужина: Аз ҳукм розиям, вале пул надорам (ВИДЕО)

Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур Татяна Хужина, шаҳрванди Русияро дар қочоқи тангаҳои қадим гунаҳкор дониста, ба андозаи 100 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ё 5 ҳазор сомонӣ ҷарима баст.
Тибқи қарори додгоҳ, ки баъди зуҳри 21-уми август содир шуд, Хужина то маблағи ҷаримаро пардохт накунад, ҳаққи хориҷ шудан аз қаламрави Тоҷикистонро надорад.
Хужина дар суҳбат бо хабарнигорон изҳори қаноатмандӣ кард, ки додгоҳ бо назардошти ҳолатҳои сабуккунанда нисбати ӯ ба ҷои ҳабс ҷаримаро татбиқ намуд. Ӯ афзуд, ки то ҳол хароҷоти ҳузураш дар Тоҷикистон аз ҷониби наздиконаш пардохт мешуд ва феълан ба мушкили молӣ дучор аст: “5 ҳазор сомонӣ маблағи калон аст, ман танқисӣ мекашам”.
Татяна Хужина, шаҳрванди Русия, ки дар Тоҷикистон дар қочоқи тангаҳои қадим гунаҳкор мешуд, қаблан аз додгоҳ хоҳиш кард, ҳаёти ӯ ва духтарашро ба ҳам назананд.
Хонум Хужина имрӯз, 21 август зимни ироаи сухани охиринаш дар Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури пойтахт гуфтааст, бо нигоҳ доштани тангаҳо ҳеч қасди баде надошт. Ӯ, ки дар Тоҷикистон зода шудаааст, ҳангоми сухани охирини худ гуфтааст, ин кишваро зиёд дӯст медорад ва танҳо барои он ки пазмон шуда буд, инҷо омад. Татяна Хужина дар суҳбат бо хабарнигорон дар шарҳи сухани охири худ гуфт: “Ба додрас гуфтам, ки ҳаёти ману духтарчаам аз ҳукми шумо вобаста аст, хоҳиш мекунам ҳаёти моро ба ҳам назанед”.
Дар ҷаласаи додгоҳии рӯзи 18 август намояндаи додситонӣ аз додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури пойтахт барои Татяна Хужина шаш соли зиндон талаб карда буд.
Қарор аст, ҳукми додгоҳ асри имрӯз ё субҳи фардо эълон шавад.
Мақомоти тоҷик Татяна Хужинаро дар қочоқи тангаи қадимаи соли барориши 1823 муттаҳам медонанд.
Чанде пештар Вазорати умури хориҷии Русия бо нашри як изҳорот ба таъмини адолат дар қазияи Хужина даъват карда буд. Дар он изҳори умед карда мешуд, додгоҳи Тоҷикистон бо назардошти баъзе ҳолатҳои сабуккунанда, ҷумла бори аввал содир кардани ҷиноят ва қасди баде надоштан, ҳукми одилона мебарорад. Ба иттилои ВКХ- Русия, аз замони муроҷиати Хужина ба Сафорати Русия дар Тоҷикистон, дипломатҳо равандро назорат карда, ҳамеша бо ӯ дар тамос будаанд ва кумакҳои заруриро мерасонанд. Вазорат гуфтааст, Татяна Хужина бо вакили дифоъ ва тарҷумон таъмин шудааст ва намояндаи сафорат дар ҳар ҷаласаи додгоҳ ширкат мекунад: “Ягон ҳуқуқвайронкунӣ ҳангоми ҷаласаҳои додгоҳӣ ба қайд гирифта нашудааст”.
Дар идомаи баёния омадааст, ин қазияи таваҷҷуҳи расонаҳои Русия ва тоҷикро ҷалб кардааст, ки ин бастагӣ дорад пеш аз ҳама ба қонунгузории Тоҷикистон, ки барои содир кардани чунин амал 10 соли зиндонро пешбинӣ мекунад: “Бояд қайд кард, ки бо баҳои коршиносон танга дар бозор 3-5 доллар арзиш дорад”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |