Задухӯрди марзбонони тоҷик бо одамони “Қумондон”-у “Девона”: Ду қочоқчӣ кушта шуд...
Дар пайи як задухӯрди мусаллаҳона миёни сарҳадбонҳои тоҷик ва қочоқбарони афғон ду марзшикан кушта шудааст.
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон мегӯяд, ин ҳодиса шаби 15 август дар дидбонгоҳи сарҳадии ҷамоати деҳоти Панҷоби ноҳияи Ҳамадонӣ ба вуқӯъ пайвастааст. Манбаъ мегӯяд, қочоқчиёни афғон - Ҳабибулло валади Насрулло Махсуми 34-сола, Розгул валади Қаҳрамони 34-сола бо тахаллуси “Қумондон”, Башир валади Ҳомиди 39-сола бо тахаллуси “Девона”, Маҳмад валади Давлатманди 39-сола, Камол валади Раҳматшо ва Муҳибулло валади Насриддин, сокинони вилояти Тахор марзи давлатиро убур карда, бо марзбонони тоҷик вориди задухӯрд шудаанд. Ба иттилои манбаъ, дар натиҷа ду қочоқчии афғон кушта ва дигарон боздошт шудаанд. Ба иттилои ВКД, қочоқчиёни афғон бо шаҳрвандони Тоҷикистон ҳамкорӣ доштаанд: “Дар пайи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ яке аз нашъаҷаллобон, шаҳрванд Ниёзов Алишер Мусоевичи 35-солаи сокини ноҳияи Ҳамадонӣ, ки пеш бо моддаи 200 қисми 3 Кодекси ҷиноятӣ суд шудааст, дастгир карда шуд. Дар ҳоли ҳозир дигар ҳаммаслакони қочоқбарони афғон дар кофтуков қарор доранд”.
Аз нашъаҷаллобони боздоштшуда 3 халтаи полиэтилении ҳомили 114 килограму 61 грамм маводи нашъадор -- 83 килограмму 061 грамм ҳашиш, 21 килограмму 200 грамм афюн ва 9 килограмм бангдона мусодира шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |