Кӯмакхоҳии Нуралиев ва таъини мушовири ХБА дар Бонки Миллӣ
Ҷамолиддин Нуралиев, ноиби якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон дар мулоқот бо Филлип Бартоломей, иқтисодчии аршади Хазинаи Байналмилалии Асъор пешниҳоди кӯмаки техникии ХБА барои пурзӯр намудани назорати бонкӣ дар кишварро мавриди баррасӣ қарор додааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти Бонки миллӣ Нуралиев 17-уми август Бортоломейро бо вазъи кунунии низоми бонкии ҷумҳурӣ, навоварию ислоҳот дар Бонки миллии Тоҷикистон шинос намуд: “Зикр гардид, ки мушкили асосӣ дар низоми бонкӣ сатҳи баланди қарзҳои ғайрифаъол, ҷой доштани мушкилиҳои пардохтпазирӣ ва суст будани раванди идоракунии корпоративӣ дар бархе аз ташкилотҳои қарзӣ ба ҳисоб рафта, рафъи он ба манфиати тамоми низоми бонкии ҷумҳурӣ хоҳад буд. Дар робита ба ин, зикр гардид, ки Бонки миллии Тоҷикистон дар ин самт дар доираи кӯмаки техникӣ ба ҷалби мушовирон ниёз дорад”.
Манбаъ аз қавли Филлип Бартоломей иттилоъ дод, ки дар ХБА вазъи ҷории низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста таҳлил мешавад ва ӯ ҳамчун мутахассиси ин ниҳоди молиявӣ ба натиҷаҳои мусбати ислоҳот дар ин самт бовар дорад. Иқтисодчии аршади ХБА зикр намудааст, ки яке аз ҳадафҳои ташрифи ҳайати мазкур ба Бонки миллии Тоҷикистон - муаррифии мушовири дарозмуҳлати ХБА дар самти назорати бонкӣ Эдвард Нолан мебошад: “Қайд гардид, ки Эдвард Нолан ҳамчун яке аз мутахассисони варзида дар бахши назорати бонкӣ, идоракунии корпоративӣ ва идоракунии хавфи қарзӣ, таҷрибаи ғании корӣ дар таҷдиди бонкҳои марказии як қатор кишварҳо, аз ҷумла, Венгрия, Словакия ва Косоваро дошта, дар Бонки миллии Тоҷикистон ба муҳлати як сол бо мақсади такмили мақоми танзим ва назорати бонкии кишвар дар се самт - таҳлили фаъолияти бонкӣ ва пешниҳоди ҳисоботҳо, санҷиши фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ ва назорати маҷмӯии ташкилотҳои қарзӣ кор хоҳад кард”.
Таъини мутахассиси ХБА дар Бонки миллӣ дар ҳолест, ки Тоҷикистон ният дорад, маблағгузории ХБА-ро барои солимгардонии низоми бонкии кишвар ҷалб намояд.
Ҷамолиддин Нуралиев, зимни нишасти ахири матбуотияш дар мавриди гуфтушунид бо ХБА гуфт, барномае, ки аз ҷониби ин созмон пешниҳод мешавад, барои устувории низоми бонкӣ мусоидат мекунад: “ХБА омода аст, моро дастгирӣ кунад ва бо кӯмаки ХБА лоиҳаҳои қонун барои солимгардонии низоми бонкӣ таҳия шуд. Чаҳор қонун бозбинӣ мешаванд, ки ин яке аз шартҳои ХБА мебошанд. Аз ин ду лоиҳа дар ҳоли баррасӣ қарор доранд. Умед дорем, то охири сол барномаи навро роҳандозӣ хоҳем кард. Ин барнома барои ислоҳоти низоми бонкӣ ва устувории иқтисодиёт кӯмак хоҳад карду осебпазирии иқтисоди моро аз омилҳои берунӣ кам мекунад”.
Қаблан масъулини ХБА изҳор доштанд, ки ба Тоҷикистон дар сурате кӯмак хоҳанд кард, ки дар низоми бонкии кишвар аз ислоҳот кор гирифта шавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |