Мусодираи муҳраҳои муҳоҷирзани тоҷик дар Русия: Туҳфа мебурдааст...
Кормандони пости гумрукии фурудгоҳи Колтсово муҳра ва рӯмолҳои як мусофири хатсайри “Душанбе-Екатеренбург”-ро мусодира кардаанд.
Бино ба иттилои расонаҳо, ҳаҷми умумии муҳра ва рӯмолҳои мусодирашуда 21 килоро ташкил медиҳад. Соҳиби муҳра ва рӯмолҳо як ҷавонзани тоҷик гуфта мешавад, ки ба кормандони пости гумрукӣ гуфтааст, онҳоро ҳамчун туҳфа барои дӯстонаш ба Магнитогорск мебурд. Ӯ гуфтааст, намедонист, ки бояд ин молҳоро барасмият медаровард. “Ин миқдор мол наметавонад барои истифодаи шахсӣ нигаронида шавад”,-гуфтааст дафтари матбуоти гумруки фурудгоҳи Колтсово.
Ба иттилои манбаъ, муҳра ва рӯмолҳо мусодирашуда, нисбати шаҳрванди Тоҷикистон парвандаи маъмурӣ боз шудааст. Барои барасмият надаровардани молҳо ҷарима дар ҳаҷми то ду баробари ҳаҷми маҳсулот пешбинӣ шудааст: “Дар ҳоли ҳозир мутахассисон ба баҳогузории моли мусодирашуда машғуланд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |