Сарозер шудани “Рекстон” ду кушта ва ду захмӣ бар ҷой гузошт
Дар пайи аз баландии 35 метр сарозер шудани як мошин дар шимоли Тоҷикистон ду нафар ба ҳалокат расида, ду каси дигар маҷруҳ шудаанд.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, соати 10:00-и 17 август ронандаи мошини “Рекстон” -- Усмон Туйчиеви 63- сола, сокини ноҳияи Зафаробод ҳангоми ҳаракат дар роҳи ҷамоати деҳоти Росровути ноҳияи Деваштич аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, онро ба чуқурии 35-метр чаппа мекунад. Ба иттилои манбаъ, дар натиҷа мусофирони автомашина Зафар Нозимов (соли таваллуд 1958) ва Далер Қобилов (соли таваллуд 1985), сокинони деҳаи Даҳкати ноҳияи Деваштиҷ, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. Худи ронанда ва мусофири дигари автомашина Угил Туйчиева (соли таваллуд 1971), сокини деҳаи Даҳкати Деваштич захмӣ шуда, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |