“Мурғи ҳилол”-и Файзобод пурра аз кор бозмонд: 600 нафар ба рухсатии бемузд гусел шуданд
Корхонаи парандапарварии “Мурғи Ҳилол”- и ноҳияи Файзобод пурра аз кор бозмонда, ҳудуди 600 кормандашро ба рухсатии бемузд гусел намудааст.
Зафар Ҳакимов, директори корхонаи “Мурғи Ҳилол” имрӯз, 17 август дар суҳбат ба “Озодагон” далели қатъи фаъолияти онро мушкили молӣ унвон кард. Ӯ гуфт, барои дубора фаъол намудани корхона лоиҳае таҳия шуда, онро Вазорати молияи Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор додааст.
Ҷаноби Ҳакимов мегӯяд, фаъолияти корхона аз воридот вобастагии зиёд дошт ва масъулин бо далели мушкили молӣ натавонистаанд миқдори зарурии хӯроки омехтаи парранда ва чӯҷаи якрӯзаро дар вақти пешбинишуда ворид намоянд.
Корхонаи “Мурғи Ҳилол”-и ноҳияи Файзобод яке аз корхонаҳои маъруфи кишвар маҳсуб меёфт ва соли 2008 ба фаъолият оғоз намуд. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар зимни боздид аз Файзобод дар соли 2008 ба ин корхона ҳам омад. Дафтари матбуоти Президент он замон навишт, корхона аз ҷиҳати ҳаҷми истеҳсолот дар Осиёи Марказӣ дар ҷойи дуввум қарор дорад ва дар сурати ба иқтидори пуррааш кор кардан метавонад, тамоми муассисаҳои паррандапарварии кишварро бо хуроки омехтаи серғизо таъмин намояд: “Корхона дар 8 соати кориаш метавонад 200 тонна хӯроки омехта омода кунад”.
Масъулини корхона мегӯянд, саршумори мурғро аз 30 ҳазори соли аввали фаъолияти корхона ба 742,3 ҳазор ва истеҳсоли тухмро аз 2,3 миллион ба 97 миллион дона расонида буд.
Пурра аз фаъолият боз мондани корхонаи “Мурғи Ҳилол” дар ҳолест, ки Шавкат Бобозода, вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон рӯзи 26 июл зимни як ҳамоиш дар Душанбе гуфт, давоми шаш моҳи соли равон 78 корхона таъсис ёфта, 175 корхонаи саноатӣ дар кишвар аз кор бозмондааст. Бобозода иброз дошт, ки вақте сухан дар бораи аз фаъолият бозмондани корхонаҳо меравад, бояд таъкид намуд, ки баъзе корхонаҳо фаъолияти мавсимӣ доранд. Ба гуфтаи вазир, сабаби аз кор мондани корхонаҳо ба қарздории онҳо назди бонкҳо марбут аст: “Бархе корхонаҳо аз бонкҳо қарз мегиранд ва сари вақт наметавонанд онро баргардонанд”. Ҷаноби Бобозода афзуд, дар ҳоли ҳозир дар миқёси кишвар 1957 корхонаи саноатӣ фаъол аст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |