Шӯрои уламои Тоҷикистон рӯзи Иди Қурбонро 24 август эълон мекунад
Санаи дақиқи баргузории Иди саиди Қурбон дар Тоҷикистон расо баъди як ҳафта эълон хоҳад шуд.
Як манбаъ аз Шӯрои уламои Марказии исломии Тоҷикистон имрӯз, 17 август дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, панҷшанбеи 24 август бо баргузории як ҷаласа рӯзи Иди Қурбон ва соати шурӯи намози идро эълон хоҳанд кард.
Иди Қурбон яке аз ду иди бузурги мусалмонони ҷаҳон аст, ки ҳамасола рӯзи 10-уми Зулҳиҷҷа, пас аз 2 моҳу 10 рӯзи Иди Фитр таҷлил мешавад. Сокинони мусалмони Тоҷикистон Иди Рамазонро 26 июн ҷашн гирифта буданд.
Мардуми доро одатан дар рӯзи Иди Қурбон бар асоси расму ойини мазҳабӣ, гӯсфанд ё говеро қурбонӣ намуда, гӯшти онро ба афроди камбизоат медиҳанд. Соли гузашта Иди Қурбон 12 сентябр фаро расида буд.
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон 16 август дар мулоқот бо сокинони ноҳияи Вахш ба мавзӯи Иди саиди Қурбон ҳам дахл карда, аз ҷумла гуфт, “қурбонӣ кардан яке аз суннатҳои ин ид мебошад, вале набояд фаромӯш кард, ки тибқи аҳкоми шариат ва фатвои фақеҳонӣ мазҳаби ҳанафӣ иҷрои ин амал танҳо ба шахсоне дуруст аст, ки шароити хуби зиндагӣ ва имконияти кофии молиявӣ доранд. Ба шахсоне, ки дар рӯзгорашон мушкилот доранд, серфарзанд ҳастанд, ё сарпарастии чандин нафари дигарро ба уҳда доранд, қурбонӣ кардан ва хайру садақа додан дуруст нест”.
Изҳороти Э.Раҳмон: Кӣ қурбонӣ кунаду дастархон чӣ гуна бошад?
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |