АКСИ либосҳои мактабӣ: Наколка, нохун, ҳиҷоб, “миниюбка”, синтетика манъ...

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон дастурамали либосҳои тавсиявиро барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар нашр кардааст.
Тибқи "Дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки дар сомонаи Вазорати маориф нашр шудааст, “барои духтарон бо либосҳои варзишӣ (ба истиснои дарси тарбияи ҷисмонӣ ва рӯзҳои шанбегӣ), либосҳои нимбараҳна, даридаю шикофтаи мӯдшуда, бо либосҳои таблиғоти ғайрдошта, ки дорои ҳар гуна навиштаҷот мебошанд ва парчаму рамзҳои дигар давлатҳо дар онҳо тасвир ёфтаанд (аз қабили либосҳои танги суратдор, нимурён, доманҳои аз ҳад зиёд танг ва кӯтоҳ, футболкаҳо ва нимостинҳои тасвирдор, куртаҳои пур аз навиштаҷот, шимҳои суратдору гулдор, сатр, ҳиҷоб, шарфҳои сафеди дароз), овехтани зиёда аз як гӯшвор дар гӯш, пӯшидани либосҳои сунъӣ (синтетикӣ)-и қиматбаҳо, рангу бори аз меъёр зиёди рӯю лабҳо, абрувон, расму тасвирҳои дар дасту пой рӯю бадан гулкоришуда (наколка), овехтани ҳар гуна ҷавоҳирот дар бинию гардан абрувону пешонӣ ва дасту пой, истифода намудани маводи ороишии аз андоза зиёд дар куртаву либосҳои тавсиявӣ ва ғайра ба дарс омадан манъ аст”.
Ҳамчунин дар дастурамал таъкид шудааст, ки “барои писарон бо либосҳои варзишӣ (ба истиснои дарси тарбияи ҷисмонӣ ва рӯзҳои ҳашар), бо муйҳои дароз, бо риши расида, бо нохуни расида, бо либосҳои таблиғоти ғайрдошта, ки дорои ҳар гуна навиштаҷот мебошанд ва парчаму рамзҳои дигар давлатҳо дар онҳо тасвир ёфтаанд (аз қабили футболкаҳои суратдор, шимҳои ҳарранга, куртаҳои тасвирдор ва свитерҳои дорои ҳар гуна навиштаҷот), бо ангуштарӣ, занҷири гардан ва дастпонаи тиллоӣ ё нуқрагин, гӯшвор овехтан, бо шими ҷинс, вилвет ва дигар либосҳои сунъӣ (синтетикӣ) ба истиснои фасли зимистон, бо шиму куртаҳои даридаву харошидаи мӯдшудаи кӯчагӣ, бо тасвиру суратҳои дар сару рӯю бадан гулкоришуда (наколка), бо шортик ва куртаҳои кӯтоҳ, тапочка, калӯш ва шимҳои чармини тангу кӯтоҳ ба дарс омадан манъ мебошад". Акси либосҳои тавсиявӣ барои духтарон ва писарон:
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |