Бо маошатон кай дар Душанбе хона мехаред? Ҳеч гоҳ! (ВИДЕО)
Бархе сокинони шаҳри Душанбе мегӯянд, бо музди меҳнаташон дар даҳсолаҳои оянда харидани манзил дар пойтахт имкнонопазир аст.
Ахиран, ширкати австролиёии Assured Removalists таносуби нархи хона дар кишварҳои ҷаҳонро бо маоши миёнаи сокинонашон қиёс кард ва хариди хонаро дар Тоҷикистон бо маош амалан ғайриимкон хонд. Ба иттилои ин ширкат, сокинони Тоҷикистон бояд 33 сол музди миёнаи меҳнатро ҷамъ кунанд, то манзил бихаранд. Бо таваҷҷуҳ ба ин “Озодагон” дар кӯчаҳои Душанбе аз сокинони пойтахт пурсид, БО МАОШАТОН ДАР ЧАНД СОЛ ХОНА МЕХАРЕД? Бештари пурсидашудаҳо гуфтанд, ки бо музди меҳнати онҳо имкони хариди хона мавҷуд нест. Ба гуфтаи бархе назардодаҳо, ҳақмузди онҳо ҳатто барои зиндагии якмоҳа басандагӣ намекунад, чӣ расад ба пасандоз кардану хона харидан. Иддаи дигар гуфтанд, агар тамоми маоши худро пасандоз кунанд, пас давоми 10-15 ва ё 30-35 сол метавонанд аз пойтахт хона бихаранд. Назари сокинонро дар ин навор бубинед ва Шумо ҳам назари худро бинависед.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |