Сешанбе, 1 Апрел 2025
АКС: Шурӯи сафари зоирини тоҷик ба Хонаи Худо

185 зоири тоҷик соати 04:00-и субҳи имрӯз, 16 август нахустин шуда барои адои маросими Ҳаҷ ба шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ парвоз карданд.
Маросими оғози расмии сафари зоирини тоҷик бо ҳузури Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон ва Абдулазиз ибни Муҳаммад Ал-Бодӣ, сафири Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе сурат гирифт.
Имсол аз Тоҷикистон барои адои ин маросим ва ба ҷо овардани фаризаи Ҳаҷ, ки яке аз рукнҳои муҳими панҷгонаи дини Ислом мебошад, 6 400 нафар сафар хоҳанд кард. Ҳамчунин бино ба иттилои Кумитаи дин, ин ниҳод 200 саҳмияи иловагиро низ аз ҷониби Арабаистони Саудӣ дарёфт кардааст.
Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон дар маросими гусели нахустин зоирини тоҷик дар соли 2017 бо ёдоварӣ аз шароити фароҳамшуда иброз намуд, ҳар як зоир намояндаи Тоҷикистон дар кишвари Саудӣ аст ва аз миллату давлат намояндагӣ мекунад ва умедвор аст, ки зоирин миллату давлатро хуб муаррифӣ хоҳанд кард. Ҷаноби Давлатзода таъкид намуд, бояд зоирин ин рукни муҳими динии худро дар фазои ором ба анҷом бирасонанд ва дар ҳаққи мардум ва кишвари худ дуъо кунанд.
Муҳаммад Ал-Бодӣ, сафири Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон низ дар ин маросим нахустин зоирини тоҷикро бо даст ёфтан барои анҷом додани маросими Ҳаҷ табрик гуфт ва таъкид кард, сол то сол кишвараш барои бештар шудани имконоти пазириши зоирин талош мекунад ва ҳоло баъди тавсеъа ва бозсозӣ имкони пазириши 1 миллиону 800 ҳазор зоир дар як вақт дар Маккаи Мукаррама пайдо шудааст ва ҳамчунин масҷиди Мадинаи Мунаввара имкон дорад, 1 миллион зоири намозгузорро биғунҷонад.
Сафири Арабистонӣ Саудӣ ҳамчунин бо муроҷиат ба зоирини тоҷик гуфт, “шумо ворисон ва наводагони шахсиятҳои бузурге мисли Имом Бухорӣ ҳастед, ки хидматҳои пурарзише дар таърихи ислом кардаанд. Мардуми Арабистони Саудӣ инро медонанд ва эҳтироматонро ҳамчун меҳмонони Хонаи Худо ба ҷо хоҳанд овард”.
Маросими гусели зоирини Тоҷикистон то 26 август давом хоҳад кард. Ба иттилои Кумитаи дин, имсол хадамоти ҳамлу нақли зоиринро ширкатҳои “Сомон Эйр”-у “Тоҷик Эйр”-и Тоҷикистон ва ширкати “ФлайеНас”-и Саудӣ анҷом хоҳанд дод. Зоиринро аз шаҳри Душанбе ширкатҳои “Сомон Эйр”-у ФлайеНас” ва аз вилояти Суғд ширкати “Тоҷик Эйр” интиқол медиҳанд. Дар назар аст, имрӯз соати 16:00 ҳамчунин нахустин зоирини тоҷик аз вилояти Суғд ба шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ парвоз кунанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |