Душанбе: Мақоми аввали озмуни “Spelling Bee” насиб намояндаи Қазоқистон шуд (АКС)
Дар озмуни “Spelling Bee”, ки аз сӯи Сафорати Амрико дар Тоҷикистон созмон ёфт, намояндаи Қазоқистон пирӯз шуд.
Даври финалии ин озмун, имрӯз, 15 август бо иштироки дастпарварони “Гӯшаҳои фарҳангии Амрико” аз Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбакистон дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.
Хабарнигори “Озодагон”, ки ҷараёни озмунро назорат кард, мегӯяд, он дар фазои боз сурат гирифт ва ҳакамон ғолибиятро ба Элнур Рахматулин, намояндаи Қазоқистон супурданд: “Намояндаҳои “Гӯшаҳои фарҳангии Амрико” аз Душанбе то даври сеюм роҳ ёфта, аммо аз идомаи рақобат маҳрум шуданд”.
Дар баробари Элнур Рахматулин ҳамватани дигари ӯ -- Тастанбек Серикболсин то даври финалӣ расид ва мақоми дувумро соҳиб шуд.
Дар ин озмун аз чор кишвари Осиёи Марказӣ се нафарӣ иштирок доштанд. Дар акси аввал: Сафири Амрико дар Тоҷикистон ва ғолиби озмуни “Spelling Bee”
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |