Тибқи иттилои хабаргузории “Азия-Плюс”, ширкати ҳавоии «Rolkan Investments LTD» алайҳи ҳукми додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа ба додгоҳи вилояти Хатлон шикоят бурдааст.
Гуфтанист, ин шикоят ба ҳукми ду халабони ин ширкат тааллуқ дорад. Ғулом Бобоев, вакили мудофеи Сергей Полуянов, райиси ширкати «Rolkan Investments LTD» гуфтааст, ҷаноби Полуянов як нусхаи шикоятро ба вай фиристодааст ва забонхат додааст, ки вакили мудофеъ ҳақ дорад дар додгоҳ аз ҷониби ин ширкат ва Поулянов сухан гӯяд ва манфиатҳои «Rolkan Investments LTD»-ро ҳимоя кунад.
Ба гуфтаи Бобоев, ширкати «Rolkan Investments LTD» ҳукми додгоҳро дар бораи мусодираи ду ҳавопаймои АН-72 ғайриқонунӣ медонад.
Мӯҳр