Маоши муҳоҷирон: Кӣ бештар мегирад, тоҷик, узбак, қирғиз ё...?
Мактаби олии иқтисоди Русия дар пайи як пажуҳиш муайян кардааст, ки миёни муҳоҷирони меҳнатии қонунӣ, музди аз ҳама камро тоҷикистониҳо мегиранд.
Тибқи ин пажуҳиш даромади моҳонаи муҳоҷирини тоҷик дар як моҳ 28 ҳазор рублро ташкил медиҳад: “Зимни назарпурсӣ 35,2%-и муҳоҷирини тоҷик гуфтаанд, мехоҳанд, барои ҳамеша дар Русия бимонанд ва 24,7% изҳор доштаанд, ки мехоҳанд равуоро идома диҳанд”.
Манбаъ мегӯяд миёни муҳоҷирин аз кишварҳои ИДМ дар Русия даромади аз ҳама баландро шаҳрвандони Гурҷистон ва Озарбойҷон доранд, ки моҳона ба ҳисоби миёна 36 000 рубл мегиранд.
Муҳоҷирини қазоқ 32 ҳазор ва аз Қирғизистону Узбакистон бошанд 30 ҳазор рубл даромад доранд.
Манбаъ соати кории муҳоҷиринро давоми ҳафта 59 соат арзёбӣ карда, илова намудааст, ки ин нишондод барои шаҳрвандони Русия 39 соатро ташкил медиҳад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Феврал 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | |