Мирзиёев: Ҳар роҳбар болоравии нархи нон, гӯшт ва бемасъулиятиро дар бозорҳо бо чашмони худ бубинад..
Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Узбакистон чаҳор мақомдори шаҳри Алмалики кишварашро аз вазифа барканор кард. Раиси ноҳия, сардори бахши корҳои дохилӣ, сардорони андозу молия шомили чаҳоргона ҳастанд.
Бино ба иттилои расонаҳо, Мирзиёев гуфтааст, мақомдорони мазкур лоиқи курсиҳои ишғолкардаашон нестанд: “Ҳар роҳбар бояд аз ҳамон ҳавое нафас бигирад, ки мардум мегиранд: агар барқ нест, пас бояд бе барқ зиндагӣ кунанд, агар роҳ нест, пас бе роҳ ва агар об нест - бе об зиндагӣ кунанд”.
Президенти Узбакистон низоми наверо пешниҳод карда, ки тибқи он ҳамаи роҳбарони ноҳияҳо набояд дар алоҳидагӣ зиндагӣ кунанд. “Давлат барои роҳбарон дар ноҳияҳо манзил ҷудо мекунад. Бигзор ҳар роҳбар болоравии нархи нон, гӯшт ва бемасъулиятиро дар бозорҳо бо чашмони худ бубинад”, - афзудааст Мирзиёев.
Ба навиштаи расонаҳо, президенти Узбакистон ҳокими пешини ноҳияи Юнусобод Мираъзам Мирқосимовро, ки моҳи март аз мансаб сабукдӯш шуда буд, дар шаҳри Алмалик ҳоким таъин кард. Мирқосимов низ баъди сафари Мирзиёев ба Юунусобод аз мақом барканор шуда буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Январ 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |