Бартангу Яхчипун: Ташкили 2 муассисаи нави давлатӣ дар минтақаҳои мушкилгузар
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо имзои қарорҳои ҳукумат дар минтақаҳои мушкилгузари кишвар ду муассисаи нави давлатии роҳбониро ташкил додааст.
Тибқи қарори ҳукумат, ки ахиран имзо шуд, дар сохтори Вазорати нақлиёт, муассисаҳои нави давлатӣ оид ба нигоҳдории роҳҳои минтақаи Бартанги ноҳияи Рӯшон ва минтақаи Яхчипуни ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ташкил шуданд.
Раисиҷумҳур Вазорати молия, Вазорати нақлиёт ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатиро муваззаф кардааст, ки масоили ташкилӣ, молӣ ва маблағгузории корхонаҳои навтаъсисро дар зудтарин фурсат ҳал намоянд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |