Боздиди онҳо бахше аз барномаи қатъи хушунатҳост, ки дар натиҷаи саркӯбии тазоҳуркунандагон тавассути нируҳои амниятии Сурия пеш омадааст.
Хабаргузориҳои ғарбӣ менависанд, Шӯрои Миллии Сурия, ки нирӯи мухолифи давлати ин кишвар аст, аз нозирон хостааст, ки аз шаҳри Ҳомс ва манотиқи дигар, ки нирӯҳои режим ҳамчунон норозиёни сиёсиро зери фишор мегиранд, боздид кунанд.
Дар ҳамин ҳол, Валид Муаллим, вазири корҳои хориҷаи Сурия гуфтааст, мо интизорем,ки нозирони кишварҳои арабӣ аз андешаҳои ҳукумат дар ин бора, ки нооромиҳо аслан кори дасти “террористони мусаллаҳ” аст, ҷонибдорӣ хоҳанд кард. Аммо кишварҳои ғарбӣ ва гурӯҳҳои ҳуқуқи башар барои ин нооромиҳо режими Башор Асадро муттаҳам медонанд.
Мӯҳр« Ноябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |