Баъди 2 сол: Ҷунбише дар роҳёбии Тоҷикистон ба Уқёнус
Кобулу Исломобод созиш кардаанд, ки гуфтушунидҳо барои густариши додугирифти мол миёни кишварҳои минтақаро аз сар бигиранд.
Дар ин бора ҳафтаи гузашта зимни мулоқоти Омар Заҳирвал, сафири Афғонистон дар Исломобод ва Ишоқ Дар, вазири молияи Покистон иттилоъ дода шуд: “Дар назар аст, ки ҷаласаи комиссияи байниҳукуматӣ оид ба масоили иқтисодӣ моҳи сентябр дар Кобул баргузор гардад”.
Ин нахустин ҷаласа баъди шартгузории Ашраф Ғанӣ, раисиҷумҳури Афғонистон аст, ки ду сол қабл хоста буд, ба лоиҳаи созишномаи сеҷонибаи транзитии Тоҷикистон, Афғонистон, Покистон инчунин Ҳиндустон низ шомил шавад.
Қаблан Кобул барои роҳ додани тоҷирони Покистон ба Тоҷикистон, шарт гузошта буд, ки Исломобод тоҷирони Афғонистонро ба Ҳиндустон роҳ диҳад. Шарти Афғонистон, ки аз Покистон хостааст, монеи тиҷорат бо Ҳиндустон нашавад, боиси ба таъхир гузоштани имзои созишномаи транзитии Тоҷикистон, Афғонистон, Покистон шуда буд: “Баъди чанд соли гуфтушунид, аввали соли 2015, зимни имзои созишномаи транзитии сеҷонибаи Тоҷикистон-Афғонистон-Покистон, Кобул шарти нав дар мавриди Ҳиндустонро пешниҳод кард, ки норозигии Исломободро ба вуҷуд овард. Ин нофаҳмӣ боиси боз ба таъхир гузоштани имзои созишнома гардид”.
Шарти Кобул дар ҳолест, ки қарордоди тиҷорати транзитии Тоҷикистон-Афғонистон-Покистон тайи солҳои охир, аз мавзӯҳои меҳварии мулоқотҳои сарони ин кишварҳо, аз ҷумла мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Ашраф Ғанӣ Аҳмад буд.
Мушкили ба тавофуқ нарасидани ҷонибҳо моҳи апрели соли 2015, зимни сафари Ашраф Ғанӣ Аҳмад, раисиҷумҳури Афғонистон ба Ҳиндустон ошкор шуд. Расонаҳои ҳиндӣ иттилоъ доданд, ки Ашраф Ғанӣ ошкоро дар мулоқот бо Нариндра Модӣ, нахуствазири Ҳиндустон изҳор доштааст, ки ба Покистон шарт гузоштаанд, ки барои дастрасияш ба Тоҷикистон кӯмак мекунанд, агар Покистон барои дастрасии Ҳиндустон ба Афғонистон кӯмак намояд. Ба навиштаи ВАО-и Ҳинд ин ташаббус, гарчанде “дипломатияи хушк” аст, ҳадаф аз он пайваст намудани кишварҳо мебошад.
Ин шартгузориҳо дар ҳолеянд, ки солҳост, имзои созишномаи транзитӣ миёни Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистон ба таъхир меафтад. Дар ҳоле, ки имзои ин созишнома метавонад, интиқоли осон ва арзони молро аз Осиёи Ҷанубӣ ба Тоҷикистон таъмин кунад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |