Ҷаноби Иброҳимзода афзуд, Маннонзода баъди гирфтани пора бо қарори раиси ноҳия таҳти №437, аз 13 майи соли 2014 ба ҷамъият 2,45 га заминҳои боғоти обӣ ҷудо кардааст.
Сардори Раёсати Агентии зиддифасод дар вилояти Суғд мегӯяд, моҳи марти соли 2017 алайҳи Умаров Б.У. бо моддаҳои 247, қисми 4, банди “б” ва 279, қисми 3-и Кодекси ҷиноятӣ ва нисбати Абдусамад Маннонзода бо аломатҳои моддаи 319, қисми 4, банди “г” парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, “бинобар дар кофтуков қарор доштани дувумӣ павранда дар истеҳсолот боздошта шудааст”.