Давоми ду моҳ Тоҷикистон мавқеашро 14 зина аз даст дод
Тоҷикистон дар раддабандии нави FIFA - Федератсияи байналмилалии футбол, ки 10 август нашр шуд, мавқеашро 2 зина аз даст додааст.
Мунтахаби футболи кишвар, ки моҳи гузашта якбора 12 зина поин рафта дар ҷойи 149 менишаст, дар раддабандии нав бо 180 имтиёз дар мақоми 151 қарор дорад. Миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ Тоҷикистон аз ҳама ахир аст. Узбакистон дар ҷойи 64, Қазоқистон 105, Қирғизистон 128 ва Туркманистон дар зинаи 141–уманд.
Ин моҳ мунтахаби Бразилия дар феҳристи ФИФА мақоми аввалро гирифта, Олмон дар ҷойи дувум ва Аргентина дар ҷойи сеюм мебошанд. Швейтсария, Лаҳистон, Португалия, Чилӣ, Колумбия, Белгия ва Фаронса шомили даҳгонаи беҳтарин тимҳои миллии ҷаҳон гардидаанд. Рейтинги FIFA аз соли 1993 ба ин сӯ тартиб дода шуда, имтиёзҳо ба кишварҳо аз рӯи натиҷаҳои дастаи мунтахаби миллии ҳар кишвар дода мешавад. Натиҷаи беҳтарини мунтахаби Тоҷикистон дар феҳристи FIFA ҷойи 106-ум дар моҳи июни соли 2013 ва натиҷаи бадтаринаш ҷойи 180-ум дар соли 2003 мебошад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |