Ҳукумат кай гузориш медиҳад?
Иршод Сулаймонӣ
Яке аз асоситарин унсурҳои демократӣ будани давлат гузоришдиҳанда (ҳисоботдеҳ) будани он дар пеши мардум аст. Ҳар давлате, ки ба мардум гузориш намедиҳад ва фаъолиятҳои худро шаффоф дар миён намгузорад ва ба ҳар баҳонае аз мардум пинҳонкорӣ мекунад, ҳукумати арзишгарой нест. Дар замони муосир хубтарин василаи гузориш додани давлат расонаҳостанд. “Ҷанг”-и эъломнашудаи ҳар ҳукумат бо расонаҳои мустақил барои иҷро нашудани ҳамин гузоришдеҳӣ аст.
Дар Тоҷикистон таҷрибаи хубу нодире роҳандозӣ шуд, ки ҳар шаш моҳ ниҳодҳои давлатӣ нишастҳои матбуотӣ баргузор мекунанд ва аз фаъолиятҳои худ тариқи расонаҳо ба мардум гузориш медиҳанд. Ин таҷриба дар навъи худ беназир аст, зеро аз ҳукуматҳои худкомаи Осиёи Марказӣ ва аз мансабдорони “худам шоҳу таъбам вазир”-и ин ҳукуматҳо ба даст овардани иттилоъ кори бисёр сангинест.
Ҳарчанд баъзе аз вазиру раисон ин нишастҳои матбуотиро ба “шаби эҷодӣ”-и худ табдил медиҳанд, аммо боз ҳам ба такрор мегӯям, ки ин таҷриба бисёр камназир аст. Вале дар ин росто як суоли дигар бепосух мемонад ва солҳост, ки дар Тоҷикистон раду бадал мешавад, ин аст, ки чаро Ҳукумати Тоҷикистон худ нишасти матбуотӣ баргузор намекунад то ба суолу масоили мардум посух бигӯяд?
Дар кишварҳои унитарӣ ва ҳукуматҳои марказмеҳвар ҳалли бисёре аз масоилу мушкилот ба ҳукумати кишвар вобаста мебошанд, хусусан дар кишварҳое, ки порлумон салоҳияти кам дорад ва нақши сохтори иҷроӣ ба маротиб болотар аз порлумон мебошад. Мо мебинем, ки бисёре аз масъалаҳои ҷиддӣ бо дахолати Дастгоҳи иҷроияи Президент ҳал мешаванд. Пас зарурат аст, ки Ҳукумати Тоҷикистон ва Дастгоҳи иҷроияи Президент ҳам нишасти матбуотӣ баргузор кунанд ва аз фаъолиятҳои худ гузориши мустақим бидиҳанд.
Дар Тоҷикистон солҳост, ки Сарвазир, муовининаш ҳеч гоҳе дар ҳузури рӯзноманигорону расонаҳо пайдо нашудаанд ва аз фаъолиятҳои худ натиҷагирӣ накардаанд. Мантиқист, агар дар баробари дигар ниҳодҳо Ҳукумати Тоҷикистон ва Дастгоҳи иҷроияи Президент ҳам нишастҳои матбуотӣ баргузор кунанду демократӣ ва ҳисоботдеҳ будани худро ба намоиш бигузоранд. Зеро ба ҳар андозае, ки ҳукумат аз мардум фосила бигирад ба ҳамон андоза фаъолиятҳояш аз мардум пинҳон сурат мегирад.
Ибтидо ҳамин нишастҳои матбуотӣ ҳар се моҳ баргузор мешуданд, ки шуъбаи вақти иттилоот ва таҳлили Дастгоҳи иҷроия ҳар се моҳ баргузор кардани нишастҳоро барои худ “саргаронӣ” донист ва инҳоро ба шашмоҳа табдил дод. Ҳоло намедонам то куҷо Раёсати маърифати Дастгоҳи иҷроия барои семоҳа кардани ин нишастҳо ҳавсалаву ирода дорад, вале агар семоҳа шаванд мардум шоҳиди фаъолиятҳои бештари ниҳодҳо мешаванд.
Ба таваҷҷуҳ ба ин ки Ҳукумати Тоҷикистон гирифториҳои зиёдтаре дорад хубтар аст, ки ҳукумат дар сол як бор нишасти матбуотӣ баргузор намояд, вале Дастгоҳи иҷроия ба тартиби дигар ниҳодҳо агар нишаст баргузор кунад, муфидтар хоҳад буд.
Чун дар Тоҷикистон мантиқи вуҷуди ҳукумат бештар бар пояи шахсиятгаройӣ (на ниҳодсозӣ) шакл гирифтааст, иштироки нафарони аввали ин ниҳодҳо ҳам бояд матраҳ ва усулӣ бошад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |