Наваскари тоҷик бо баҳои ҷонаш кӯдакро наҷот дод

Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳалокати як навсарбозро ҳангоми наҷоти писарбачаи хурдсол аз ғарқшавӣ тасдиқ кард.
Тибқи иттилои Муҳаммад Улуғхоҷаев, сухангӯи Қушунҳои сарҳадии Тоҷикистон, Бахтовар Азимов, зодаи шаҳри Кӯлоб, 4-уми августи соли равон соати 13:00 дар вақти адои хизмат дар дидбонгоҳи сарҳадии “Сайёд”-и Отряди сарҳадии “Ҳамадонӣ” писарбачаи 10-соларо дар ҳоли ғарқшавӣ дида, бо баҳои ҷонаш ӯро наҷот додааст: “Азимов дидаст, ки писарбачаи 10-сола Меҳрубони Ҷурахон дар об ғарқ шудааст ва ҷони худро дареғ надошта, худро ба об андохтааст. Сарбози қаторӣ Азимов писарбачаро наҷот медиҳаду мавҷи тезу тунди об, мутаассифона ӯро ба ҳалокат мерасонад”.
Улуғхоҷаев афзуд, ки Бахтовар Азимов баҳори соли равон бо хоҳиши худ ба комиссариати ҳарбии шаҳри Хуҷанд барои хидмати ҳарбӣ ҳозир шудааст: “Роҳбарияти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ аз фоҷиаи нобаҳангоми марги сарбози қаторӣ Азимов Бахтовар Баҳриддинович сахт андӯҳгин буда, ба падару модари меҳрубон ва пайвандону наздикони марҳум аз даргоҳи Худованди мутаъол сабри ҷамил мехоҳанд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |