ВКД гуфт, омили садамаи маргбори “Ваданасос” корманди амният буд
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон баъди 11 рӯзи садамаи маргбор дар маҳаллаи “Ваданасос” ҷузъиёти онро шарҳ додааст.
Тибқи иттилои ВКД, “30 июли соли 2017, соати 11:10-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», рақами қайди давлатиаш 01-00 МА 01 Шарифов Одилҷон Комилҷонович, соли таваллудаш 1993, сокини шаҳри Душанбе, кӯчаи Ташкент, хонаи 4, муфаттиши шуъбаи тафтишотии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, ҳангоми ҳаракат аз самти кӯчаи Амиршоев ба самти кӯчаи Чашмасор (Ваданасос)-и шаҳри Душанбе аз уҳдаи идораи автомашина набаромада, пиёдагардон Ҷобиров Қурбоналӣ соли таваллудаш 1989, сокини ноҳияи Варзоб, деҳаи Дашти Мирон ва Мизонов Муҳаммадҷон соли таваллудаш 1997, сокини шаҳри Душанбе, кӯчаи Умари Хайёмро, ки дар канори роҳ меистоданд, пахш намудааст”.
Ба иттилои манбаъ дар натиҷа пиёдагардон ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, Ҷобиров Қурбоналӣ дар беморхона вафот кардааст: “Оид ба ҳодисаи мазкур маводҳо барои қабул намудани қарори ниҳоӣ аз рӯи тобеият ба Сарпрокуратураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон равон карда шудааст”.
Қаблан наздикони Ҷобиров тариқи ВАО изҳор доштанд, ки гӯиё ронанда аз ҷои ҳодиса фирор кардааст ва аз мақомоти Тоҷикистон дархост карданд, ки ба қазия мунсифона расидагӣ шавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |