Боздошти гумонбар дар куштори ҳамсар ва хоҳари ӯ: Маст будааст...
Дар шимоли Тоҷикистон як ҷавони 32-сола бо иттиҳоми куштори ҳамсар ва хоҳари завҷааш дастгир шудааст.
Бино ба иттилои Раёсати умури дохилии Суғд, боздоштшуда сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буда, ҷиноятро “дар ҳолати мастӣ” анҷом додааст. Аз ин ниҳод ба “Озодагон” гуфтанд, Холиқов Тӯхтасин дар ҳолати сархушӣ бо ҳамсараш муноқиша карда, пасон бо корди хоҷагӣ ба бадани хоҳари 25-солаи ҳамсараш 2 маротиба ва ба бадани ҳамсари 26-солааш 11 маротиба задааст. Ба иттилои манбаъ, гумонбаршаванда ҷойи ҳодисаро тарк намуда, бо гузашти 5 шабонарӯз аз ҷониби кормандони пулис дар шаҳри Хуҷанд дастгир шудааст: “Феълан дар робита ба ин ҳодиса алайҳи гумонбаршаванда бо моддаи 104-и Кодекси ҷиноятӣ парванда оғоз шуда, тафтишот идома дорад”.
Ба омори Раёсати умури дохилии Суғд, дар шаш моҳи ахир дар қаламрави вилоят 8 ҳолати куштори одамон ва сӯйиқасд ба қайд гирифта шудааст: “Соли гузашта ин рақам 17 ададро ташкил медод”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |