Бахшҳо
09 авг 2017 16:33Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Масъулин ва тоҷирони бозори “Султони Кабир” 8450 сомонӣ ҷарима шудаанд

Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон 35 нафар аз масъулин, тоҷирон ва савдогарони бозори “Султони Кабир” дар Душанберо ҷарима бастааст.

Бино ба иттилои торнамои расмии ВКД, ин афрод дар нақзи қоидаҳои зидди сӯхтор муттаҳам шудаанд. Манбаъ ҳаҷми умумии ҷаримаро 8450 сомонӣ гуфтааст. Миёни ҷаримашудаҳо чор масъули ин бозор ҳам будааст.

Ба навиштаи торнамо, камбудиҳо дар “Султони Кабир” дар пайи як санҷиш, ки аз 3 то 5 августи соли равон анҷом шудааст, ошкор гардидаанд. “Истифодабарии 124-адад нуқтаҳои носози қувваи барқӣ, ки хатари таҳдиди сӯхторро доштанд қатъ гардонида шуда, 780 метр ноқилҳои барқии дохили нуқтаҳои савдои мағозаи “Олами қолинҳо”, ки бар хилофи талаботҳои қоидаҳои истифодабарии дасгоҳҳои барқӣ интиқол дода шуда буданд, бартараф карда шуданд. Ҳамзамон бо мақсади ба талаботҳои Қоидаҳои назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхтор мутобиқ гардонидани қисмати ороишии дохили нуқтаҳои савдо, ки аз масолеҳи зуддаргирандаи пластикӣ истифода шуда буданд дар масоҳати зиёда аз 4600 метри мурабаъ барҳам дода шуд. Тамоми ҷумакҳои дохилӣ мавҷуда бо рудаю милҳо мувофиқи меъёр таъмин карда шуда, қубури оташнишонӣ аз таъмир бароварда дар ҳолати корӣ қарор дода шуд. Ҳамзамон тамоми манбаъҳои обтаъминкунии зиддисӯхторӣ бо нишонаҳои ҷойгиршавии онҳо таъмин карда шуданд”,-меафзояд манбаъ.
Мӯҳр
и
не хато
истиқлолият наздик омад стипендияи донишҷӯҳо,
барои салюту хлопушка харидан аз куҷо пул ?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)