Бахшҳо

Шоҳиён: Шояд 7%-и мардум рӯзнома хонад, дигар ҳама ТВ тамошо мекунанд

Маҳмадсаид Шоҳиён, раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон мегӯяд, аксари мардум дар кишвар шабакаҳои телевизиониро тамошо мекунанд ва қисми хеле кам рӯзномаҳо мехонанд.

Шоҳиён, зимни як ҳамоиш дар Душанбе дар мавриди таваҷҷуҳи мардуми кишвар ба шабакаҳои телевизиони ватанӣ изҳор дошт, ки зиёда аз 90 фоизи шаҳрвандон телевизион тамошо мекунанд: “7 фоизи мардум мумкин рӯзномаҳоро хонад, аммо дигар ҳама телевизион тамошо мекунанд”.

Раиси Кумитаи телевизион инчунин таъкид кард, ки дар шабакаҳои давлатӣ мавзуъҳои мамнуъ вуҷуд надорад ва феълан шабакаҳои телевизионӣ аз тамоми соҳаҳои кишвар барномаҳои таҳлилӣ танқидӣ пахш мекунанд. Ӯ дар хитоб ба рӯзноманигорони мустақилу хориҷӣ изҳор дошт, ки “ман шуморо эҳтиром мекунам, бояд як мушт шавем. Бигзор танқид ҳам бошад, аммо мо бояд дар якҷоягӣ кор кунем, манфиатҳои миллатро аз манофеи шахсию гуруҳӣ боло гузорем”.

Тибқи иттилои Кумита феълан дар кишвар 12 шабакаи давлатии телевизион 32 шабакаи ғайридавлатӣ фаъолият мекунанд. Шоҳиён изҳор дошт, ки феълан мутахассисон барои гузаштан ба пахши“HD” кор карда истодаанд ва то охири соли равон ин иқдом амалӣ мешавад.
Мӯҳр
Телевизиони точикро кам одамо тамошо мекунанд. Нагз хам мекунанд. Чи даркор вакта бехуда гузаронидан. Раиси мухтарам, бояд ин чизро икрор куни. Агар мачбур набоши худат ам тамошо намекуни.

Раджаб
Дар телевизионхои давлати факат тарифхои по дар хаво бисер аст. Масалан аз як тараф лентаи корхонахоро мебуранд ду руз пас ин корхонахо аз кор мемонад. Агар натарсед дар бораи нархи чиптахо гап занд

Шахсан ман тамошо мекунам назар ба пеш хела хуб шудааст рахмат!

Дуруст гуфтаи Шохиён. Лекин фоизи тамошобинони телевизионхоеро, ки худат расиаш хасти чанд бошад?

Сафо
Ин мардак танкид гуфта, ба фикрам танкиди ХИЧОБУ САТРО дар назар дорад! Чун ки ТВ-хои давлати ба чуз танкиди иффати модару хохари мусалмон яъне САТРУ ХИЧОБ дигар чизе ё касеро танкид намекунанд!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)