Э.Раҳмон: Идро ба тӯй ё зиёфат табдил додан хоси мардуми қадимаву фарҳангии мо нест

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ ва Хуросони вилояти Хатлон гуфт, мардум набояд, дар Иди саиди Қурбон, ки ба наздикӣ фаро мерасад, ба хароҷоти беҳуда роҳ диҳанд.
Дар ин мулоқот, ки имрӯз, 9 август баргузор шуд, Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ҳангоми ба ҷо овардани маносик ва анъанаҳои ид як нуктаи муҳимро набояд фаромӯш кард, ки қурбонӣ кардан танҳо ба шахсони дорои шароиту имкониятҳои молӣ воҷиб аст: “Вале касоне, ки имконияти зарурӣ надоранд, бо муносибати нарму инсонӣ ва одобу ахлоқи намунавӣ аз савобу баракати ин ид баҳравар мешаванд”.
Раисҷумҳур дар идома гуфт, ҳангоми баргузории иди Қурбон расонидани хайру садақа ба ниёзмандон аз анъанаҳои писандидаи ин ҷашн аст: “Масъалаҳои ахлоқиву тарбиявӣ ва ҳикмати ҳамдигарро дастгирӣ намудан асоси таълимоти дини мубини ислом, ҳадисҳои пайғамбари Худо ва фатвоҳои фақеҳони мазҳаби ҳанафиро ташкил медиҳад. Тибқи ин гуфтаҳо қурбонӣ кардан ба ҳама, хусусан, ба онҳое ки имконияти моддии зиёд надоранд, серфарзанд ҳастанд ва масъулияти сарпарастии чандин касро ба зимма доранд, шарт нест. Баръакс, шахсони дорову тавонгар, яъне онҳое, ки имконияти молиявии кофӣ доранд, бояд садақаи қурбонии худро маҳз ба чунин оилаҳо, ятимону маъюбон ва муҳтоҷону камбизоатҳо диҳанд”.
Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин изҳор дошт, ҳангоми омодагӣ ба ид ва оростани дастархони идона ба зиёдаравию зоҳирпарастӣ ва хароҷоти беҳуда роҳ набояд дод ва дар хотир бояд дошт, ки идро ба тӯй ё зиёфат табдил додан хоси мардуми қадимаву фарҳангии мо нест.
Дафтари матбуоти Президенти Тоҷикистон ҳадафи боздиди Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияҳои Хуросон ва Абдураҳмони Ҷомиро "шиносоӣ бо вазъи зисту зиндагии мардум" унвон кардааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |