Тағйирот: Сардорони милиса бо розигии Президент таъин шаванд
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ба қонун дар бораи мақомоти милисаро имзо кард.
Тибқи тағйироти нав ба қонун, ки охири июл қабул шуд, сардорони милиса дар мувофиқа бо раисиҷумҳури Тоҷикистон таъин мешаванд: “Таъин ва барканории сардорони раёсатҳо ва шуъбаҳои ВКД дар вилоятҳо, шаҳру навоҳӣ, роҳи оҳан, нақлиёти ҳавоӣ аз сӯи вазири корҳои дохилӣ дар мувофиқа бо Президент амалӣ мешавад”.
Инчунин муқаррар шудааст, ки милиса масъулияти ба дӯшаш гузошташударо дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ, кормандони ғайриштатӣ ва шаҳрвандон амалӣ мекунад.
Таъкиди ҳамкорӣ бо шаҳрвандон дар ҳолест, ки қаблан Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз маъмурини милиса хост, бо мардум наздиктар бошанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |