Муаллими қарздори шогирдони медалдор: Роҳкироямро намедиҳанд...(АКС)
Олимҷони Пираҳмад, омӯзгори фанни риёзиёти литсей-интернати Тоҷикистону Русия «Ҳотам ва П.В», мегӯяд, хароҷоти сафараш бо шогирдон ба олимпиадаҳои Бразилия ва Ҳиндустон боиси қарздории ӯ гардидааст. Ба гуфтаи Пираҳмад шогирдонаш аз олимпиадаҳои мазкур бо медал баргаштанд, аммо худи ӯ 2400 долларро, ки қарз гирифту роҳкиро карда буд, то ҳол наметавонад аз Вазорати маориф бигирад.
Пираҳмад, 7 август дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, маблағи чиптаи сафарашон ба олимпиадаи Бразилия бояд аз тарафи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон пардохт мешуд, аммо ин ниҳод ба таъхиркорӣ роҳ дод ва маҷбур шуд, ки қарз гирад, то ҳамроҳи шогирдонаш ба олимпиада равад. Ӯ афзуд, аз 12 то 23 июл дар шаҳри Рио де Жанейрои Бразилия Олимпиадаи ҷаҳонӣ аз фанни математика баргузор гардид, ки Тоҷикистонро 6 хонанда муаррифӣ намуд: “Дар олимпиада аз 100 давлати дунё хонандагон иштирок карда, мактаббачаҳои тоҷик тавонистанд бо гирифтани 3 медали биринҷӣ ва се ифтихорномаи фахрӣ Парчами Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳон баланд бардоранд. Дар ин олимпиада Муҳаммадҷон Бобоев аз «Литсей барои хонандагони болаёқат»-и шаҳри Душанбе, Наимҷон Хонҷонов ва Комрон Абдуллоев аз Литсей-интернати Тоҷикистону Русия «Ҳотам ва П.В» сазовори медали биринҷӣ гардидаанд”.
Мусоҳиби “Озодагон” илова намуд, ки баъди олимпиадаи Бразилия, аз 25 то 31 июл дар олимпиадаи фанни риёзиёт дар шаҳри Лукнови Ҳиндустон қарор доштанд, ки дар он 550 толибилм аз 36 давлати дунё ширкат доштанд: “Тоҷикистонро дар ин чорабинӣ 24 хонанда муаррифӣ намуд, ки 15 нафарашон соҳиби медалҳои тилло, нуқра ва биринҷӣ гардидаанд”.
Олимҷони Пираҳмад, ки дар ҳар ду олимпиада хонандагонро роҳнамоӣ намудааст, афзуд, ки барои чиптаи рафтан ва баргаштанаш аз олимпиада тақрибан 2400 долларро қарз гирифт ва ҳоло талош дорад ин маблағро Маркази ҷумҳуриявии рушди истеъдодҳои назди Вазорати маориф ва илм диҳад, то ӯ қарзашро баргардонад: “Масъалаи ҷудо гардидани маблағи чиптаи ҳавопаймо дар фармоне, ки аз тарафи Вазорати маориф ва илми кишвар содир мешавад, пешбинӣ гардидааст, вале мутаассифона то ҳанӯз ин маблағ ба дасти ман нарасидааст. Қабл аз сафар ба Маркази ҷумҳуриявии рушди истеъдодҳо рафта будам. Гуфтанд пул ҳоло ҷудо нашудааст. Пул нестай, пул надорем. Қабл аз рафтан ба олимпиада мушкилиҳо хеле зиёд буданд. Шахсоне пайдо мешаванд, ки ба кори мо халал мерасонанд, масалан мо даври интихобӣ мегузаронем, шогирдони ман бисёр мегузаранд, афроде аст, мегӯянд, шогирдони ту зиёданд, хат зан ба ҷои онҳо дигарҳо раванд. Ман маҷбур шудам номи ду нафарро, ки бояд ба олимпиада мерафтанд, хат занам ва ба ҷои онҳо дигар кас рафт. Дигар мушикил ин аст, ки фармоне, ки ҷиҳати ширкат дар олимпиада аз ҷониби Вазорати мариф ва илм тасдиқ мегардад ва тибқи он мо виза мегирем, бисёр бо таъхиру кашолакорӣ дастраси мо мегардад”.
Умед Сафаров, муовини директори Маркази ҷумҳуриявии рушди истеъдодҳо дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, маблағи хариди чиптаи ҳавопаймоӣ барои Олимҷони Пираҳмад аллакай ҷудо шудааст ва ӯ ҳар вақте хост метавонад ин маблағро аз ширкате, ки чипта харидорӣ намудааст, дастрас намояд. Ӯ таъхиркориро ба мушкилоти бонкҳо рабт дода, ваъда дод, ки маблағро ба омӯзгори қарздор ҳар чӣ зудтар дастрас хоҳанд кард: “Мо маблағро нақд гирифта наметавонем, ба ширкате, ки онҳо парвоз мекунанд, мо маблағро ба ҳамон ширкат мегузаронем, ин ҷо ягон мушкил нест”.
Ин ваъдаи масъулин дар ҳолест, ки Олимҷони Пираҳмад мегӯяд, бо вуҷуди муроҷиатҳо посухи дақиқе нагирифтааст ва маълум нест, маблағеро, ки тибқи фармоиши Вазорат бояд барвақт ба ӯ расонда мешуд, кай дастрас мекунад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |