Рӯзноманигор аз “рӯйхати сиёҳ” берун шуд. Метавонад ба телевизион баргардад
Миёни 56 сокини ноҳияи Чилонзори шаҳри Тошканд, ки аз “рӯйхати сиёҳ”-и мақомоти ҳифзи ҳуқуқ берун шуданд, хабарнигор Хайруллоҳ Ҳомидов ҳам ҳаст. Бино ба хабарҳо, акнун ӯ метавонад ба кори худ дар телевизион ҳамчун шореҳи варзиш идома диҳад.
Ҳомидови 42-сола бо шеърҳои мазҳабии худ дар Узбакистон маъруф аст. Дар суҳбат бо расонаи “Kun.uz” вай гуфтааст, “раҳбарияти ТВ акнун бе ягон тарс метавонад маро ба кор даъват кунад. Шореҳиро хеле пазмон шудаам”.
Пештар хабар доданд, зидди Ҳомидов, ки тобистони соли 2015 аз зиндон озод шуд, бар пояи банди нав -- 216 (Ташкили ғайриқонунии созмони ҷамъиятӣ ё динӣ"-и Кодекси ҷиноии Узбакистон парванда боз шудааст. Худи ӯ гуфт, ҷузъиёти тафтишотро баъдтар шарҳ хоҳад дод.
Номи Ҳомидовро, ки 5 соли умри худро бо айби мазҳабӣ дар зиндон пушти сар кардааст, ба рӯйхати махсуси гумонбарони узвият дар созмонҳои мамнуи динӣ ворид карда буданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |