Дар пайи як инфиҷор, рӯзи 25 декабр, дар ҷараёни як маросими ҷаноза дар наздикии шаҳри Толиқони вилояти Тахори Афғонистон шонздаҳ нафар ба ҳалокат расидаанд.
Ба гуфтаи Абдулҷаббор Тақво, волии Тахор, дар ин ҳамла сиву панҷ нафари дигар захмӣ шуда, намояндаи вилояти Тахор дар Маҷлиси Луи Ҷиргаи Афғонистон ҳам аз ҷумлаи қурбониёни ин ҳодиса мебошад. Мақомоти маҳаллии Тахор мегӯянд, ки эҳтимолан ин таркиш ҳамлаи интиҳорӣ будааст, вале ҳеч гурӯҳе масъулияти онро бар ӯҳда нагирифтааст.
Мӯҳр