Душанбе: Кандашавии “трос” 2 сохтмончиро муаллақ гузошт
Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон мегӯяд, кандашавии “трос”-и борбардори сохтмонӣ дар маҳаллаи 61-и Душанбе қариб буд, ки бо марги ду сохтмончӣ анҷомад.
Тибқи иттилоияи ин ниҳод, ки имрӯз, 7-уми август нашр шудааст, наҷотбахшон саривақт ба ҷои ҳодиса ҳозир шуда, ду сохтмончиро, ки дар ҳаво муаллақ монда буданд, наҷот доданд: “Вақте ду сохтмончӣ дохили як борбардор дар бинои нуҳошёна саргарми кор буданд, яке аз ду “трос”-и он канда шуд. Дар натиҷа ин ду коргар дар рости ошёнаи 8 дар ҳаво муаллақ монданд”.
КҲФ аз қавли шоҳидони ҳодиса афзудааст, ки дар пайи кандашавии банди борбардор “яке аз сохтмончиён мувозинати худро аз даст дода, қариб буд аз ҳаво ба замин сарозер шавад, вале шарикаш ӯро дошт ва то омадани кормандони наҷоти Кумита дар оғӯши ҳамдигар истоданд”.
Манбаъ афзуд, ки сохтмончиён наҷот дода шуда, ба онҳо кӯмаки аввалияи тиббӣ расонда шуд: “Баъди ин ҳар ду худро хуб ҳис карданд ва рафтан ба бемористонро рад намуданд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |