Бахшҳо

Маркази тестӣ: 16 410 курсии донишҷӯӣ ҳанӯз холиянд

Маркази миллии тестии назди Президенти Тоҷикистон эълон кард, ки 16 ҳазору 410 курсии донишҷӯӣ ҳанӯз холиянд, ки аз он 3813 адад дар бахши буҷавӣ мебошанд.

Тибқи иттилои раёсати Марказ тақсимоти такрории довталабон аз 19 то 22 август сурат хоҳад гирифт.

Абдувосид Юлдошев, ёвари директори Маркази миллии тестии назди Президенти Тоҷикистон зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, соли равон дар умум 96 ҳазору 541 довталаб ба қайд гирифта шуданд, вале ба имтиҳонҳо 90 ҳазору 829 нафар ҳозир гардиданд: “Аз ин шумора ба озмуни тақсимот бо гирифтани холҳои гузариш аз ҳамаи фанҳои дахлдор ҳамагӣ 69 ҳазору 200 нафар ё 76%-и довталабони ҳозиршуда роҳ ёфтанд. Дар тақсимоти асосӣ, ки анҷом ёфт, ҳамагӣ 48 ҳазору 734 довталаб комёб гардида, сазовори номи донишҷӯ шуданд”.

Хуршед Икромӣ, директори Маркази миллии тестии назди Президенти Тоҷикистон зимни нишаст зикр кард, ки барои иштирок дар озмуни тақсимоти такрории довталабон дар 10 шаҳру навоҳӣ нуқтаҳои азнавбақайдгирӣ ташкил карда мешавад: “Барои довталабон маҳдудият набуда, довталаб дар озмуни тақсимот дар нуқтаҳои бақайдгирие, ки ба макони зисташон наздик аст, метавонанд иштирок кунад”.

Дар мавриди он, ки дар кадом муассисаҳои таълимӣ нақшаи қабул иҷро гардид, Икромӣ гуфт, дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон бо тақсимоти 1296 ҷой (100%), Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон-100%, Донишгоҳи давлатии забонҳо ба номи Сотим Улуғзода-100% нақшаро иҷро кардаанд: “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд бо номи Бобоҷон Ғафуров 99,48% нақшаро иҷро кардааст ва ҳоло 16 ҷои холӣ дорад. Дар Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хисрав 99,42%, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон-99,32%, Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон бо номи Садриддин Айнӣ-99,87% нақша иҷро шудааст”.

Ба гуфтаи Икромӣ шурӯъ аз 18-уми август ҷойҳои холӣ дар сомонаи Марказ ҷойгир карда мешавад ва довталабон имкон доранд, ки аз ин ҷойҳои холӣ дидан кунанд.

Мирзошариф Шодиев, масъули Маркази миллии тестӣ илова намуд, ки соли равон нақшаи қабул ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ 42 ҳазору 899 нафар ва барои таҳсилоти миёнаи касбӣ 22 ҳазору 46, нафар аз сӯи ҳукумат тасдиқ шудааст: “Аз ин миқдор ҷойҳои пешниҳодшудаи ройгон 19 ҳазору 788 адад ва пулакӣ 45 ҳазору 151 ададро ташкил медиҳад”.

Рустам Назаров,
сардори Шӯъбаи технологияи иттилоотиву коммуникатсионӣ дар ин робита таъкид кард ҷойҳои холие, ки дар натиҷаи озмуни асосӣ холӣ мондаанд, 16 ҳазору 410 адад мебошанд: “Аз ин 3 813 ҷой ройгон ва 12 597 ададаш пулакӣ мебошанд. Агар нафароне, ки аз тақсимоти асосӣ гузаштаанду то 15 август дар муассисаҳои таълимии дахлдор аз қайд нагузаранд, дар ин сурат ҷойҳои онҳо низ ҳамчун ҷойҳои холӣ ҳисоб карда мешавад”.
Мӯҳр
мо
распрадажа эьлон кнен!!!

Дониёр
Чойхои холимондаи Донишгохха албатта шартномави хастанд, агар 1000 долари хисоб кунем 16 миллиону 410 хазор долар аз даст меравад. Мутаассифона Донишгоххои Точикистон то чое ба бозори тичорати табдил ёфтаанд. Ба дуруст ба рох мондани таълим ва баланд бардоштани дониши мухасилин кам ахмият медиханд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)