Дастури Р.Эмомалӣ: Милиса ҷараёни қурбониро назорат мекунад
Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе мақомоти милисаи пойтахтро муваззаф кардааст, ки дар Иди Қурбон аз забҳи чорво дар ҷойҳои муқаррарнашуда ҷилавгирӣ кунанд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти шаҳрдорӣ, Рустами Эмомалӣ, раисони ноҳияҳо, Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ва Раёсати назорати давлатии байториро муваззаф намудааст, ки бо ҷалби раисони маҳаллаҳои шаҳри Душанбе ҷойҳои муваққатии забҳи чорворо ташкил намоянд.
Дар баробари ин шаҳрдори Душанбе барои таъимни арзонию фаровонӣ дар бозорҳои пойтахт дастур додааст, ки аз 3 август то 5 сентябри соли 2017 дар назди бозорҳои коммуналии шаҳри Душанбе ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти ниёзи аввал ташкил карда шавад: “Инчунин фурӯши чорвои майдаи шохдор дар назди саллоххонаҳои ҳудуди шаҳри Душанбе ва саллоххонаи ҶДММ «Ёвар-11» дар назар аст. Дар ноҳияи Фирдавсӣ дар назди бинои ҶДММ «Комбинати гӯшту консерва» воқеъ дар кӯчаи Фучик, 4, дар ноҳияи Сино дар назди ҶДММ «Ангара», воқеъ дар маҳаллаи Роҳи нав, дар ноҳияи И.Сомонӣ дар назди Маҷмааи бойторӣ, воқеъ дар хиёбони Ҳ.Шерозӣ (дар назди МБГ-2), - дар корхонаи замонавии забҳи чорвои ҶДММ «Ёвар-11», воқеъ дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ фурӯши чорво роҳандозӣ мегардад”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |