Р.Эмомалӣ барои хатсайри 28 соҳиби нав меҷӯяд
Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе барои дарёфти ҳуқуқи хизматрасонӣ дар хатсайри рақами 28-и Душанбе озмун эълон кардааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти шаҳрдорӣ дар озмун шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ новобаста аз шакли моликияташон, ки дорои воситаи нақлиёти худӣ ё тибқи қонун ба он моликанд ва иҷозатномаи Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиётро доранд, иштирок кардан метавонанд. Ба иттилои манбаъ озмун имрӯз, 5-уми август баргузор мегардад: “Дар баробари хатсайри №28 (маҳаллаи Зарафшон - КВД “Насби нақлиёти барқӣ (троллейбус) ва велосипед), инчунин хатсайри №50 (Ҷамоати Чоряккорон - Терминали мусофир-барии ҶСП “Фароз”) ба озмун пешниҳод мешавад”.
Талош барои дарёфти хидматрасонҳои нав дар хатсайри 28 дар ҳолест, ки то ҳол хидматрасониро дар ин масир ҷамъияти “Нақлиёт” ба уҳда дошта, мусофирон аз дағалӣ, барзиёд гирифтани ҳаққи роҳкиро ва вайрон намудани масири ҳаракат дар хатсайри 28 зиёд шикоят мекарданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |