Дар шафати майдони «Ситораҳои Хуҷанд», касабаи 12-ум ва маҳаллаи 20-уми шаҳри Хуҷанд намоиш - фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ баргузор гардид.
Тибқи иттилои хабарнигори маҳаллии «Озодагон» деҳқонони хоҷагиҳои кишоварзии ноҳияҳои Бобоҷон Ғафурову Конибодом, Истаравшану Ғончӣ, Спитамену Зафаробод, ҳамчунин аҳли заҳмати корхонаҳои коркарди маҳсулот ва муассисоти тобеи Иттифоқи матлуботи вилоят, Агентии захираҳои моддӣ бо мақсади ғановати дастархони солинавии шаҳриён дар маҷмӯъ 212,9 тонна меваю сабзавот, зироатҳои полезӣ, гӯшту консерв, 8 ҳазор дона тухм ва дигар намудҳои маҳсулотро ба маърази намоиш ва фурӯш гузоштанд.
Ҳамчунин намояндагони Ассотсиатсияи асалпарварӣ, қаннодони соҳибҳунари хуҷандӣ дар шафати намоишгоҳ растаҳои алоҳида ороста, шириниҳои Хуҷандро ба ихтиёрдории харидорон пешниҳод карданд.
Мӯҳр