Дар Тоҷикистон аз Рӯзи ҷаҳонии муқовимат ба савдои одамон бо барномаи ҳунарӣ ҷашн мегиранд
Дар Тоҷикистон бори нахуст аз Рӯзи ҷаҳонии муқовимат ба савдои одамон ҷашн гирифта мешавад. Созмони милали муттаҳид соли 2013 30-юми июлро Рӯзи ҷаҳонии муқовимат ба савдои одамон эълон карда буд.
Чорабиниҳое бахшида ба ин сана дар Тоҷикистон бо ибтикори Шабакаи созмонҳои иҷтимоии ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирони корӣ ва муқовимат ба савдои одамон, мавсум ба "Умед" баргузор хоҳад шуд. Саноат Солиева, раҳбари Шабакаи "Умед" ҳадафи ин чорабиниҳоро "огоҳ намудани аҳолӣ аз хатарҳои марбут ба савдои одамон" гуфт. Яке аз ин чорабиниҳо Барномаи консертӣ дар Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Душанбе мебошад, ки шоми 5 август дар назар аст: "Ихтиёриён баргаҳои иттилоотӣ бо маълумот доир ба савдои одамон тақсим мекунанд ва дар мавзӯи ин хатар суҳбатҳо мегузаронанд. Дар силуэтҳои рамзӣ метавон бо қиссаҳои воқеии қурбониёни савдои одамон аз Тоҷикистон шинос шуд. Ин сарнавиштҳо аз кор дар шароити ғуломона дар Русия, истисмори шаҳвонӣ дар Имороти Муттаҳида ва Туркия ва гадоии иҷборӣ дар Қазоқистон ҳикоят мекунанд".
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |