Чоршанбе, 2 Апрел 2025
Ҷаъфаров: Дониши довталабон боло рафтааст, суолҳоро мушкилтар мекунем
Савзалӣ Ҷаъфаров, муовини аввали директори Маркази миллии тестии назди Президенти Тоҷикистон мегӯяд, мониторинги дониши довталабон тайи солҳои охир нишон додааст, ки сатҳи фаҳмиши онҳо боло рафтааст.
Ҷаъфаров имрӯз, 4-уми август зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, натиҷаи имтиҳонҳои санҷишӣ махзани бузург аст, ки бар асоси он сатҳи дониши довталабон аз фанҳои гуногун таҳлил мешавад: “Ҳамасола пас аз анҷоми имтиҳонҳо сатҳи дониши довталабонро таҳлил мекунем. Чунин стратегияро гирифтем, ки вобаста ба беҳтар шудани сатҳи дониши довталабон бояд сол ба сол сатҳи мушкилии суолҳоро болотар барем. Аллакай низом барои баланд шудани сифати таҳсилот дар макотиби миёна мусоидат кардааст”.
Масъулини Маркази миллии тестӣ афзуданд, сатҳи мушкилии суолҳо аз рӯи нишондоди оморӣ ва психометрӣ муайян мегардад: “Таҳлил карда мешавад, ки чанд довталаб ба ин суол посухи дуруст додааст. Вобаста ба нишондоди оморию психометрӣ сатҳи мушкилии суолҳо муайян мешавад”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |