Бахшҳо

Мирзиёев "дуздҳои аз ҳама калон"-ро гуфт: Прокурорҳо

Президент Шавкат Мирзиёев 2 август дар як ҷаласаи видеоияш аз кори додситонҳо ва мақомоти додситонӣ дар Ӯзбекистон интиқод кардааст.

Бино ба иттилои расонаҳо, ӯ додситонҳоро "дуздҳои аз ҳама калон" номида, гуфтааст, агар корҳои ноодилона идома ёбанд, онҳоеро ҳам барканор хоҳад, ки баъди "поккориҳо"-и ахир дар мақомоти додситонии Узбакистон мондаанд. "Додситонҳоро хеле бад мебинам ва сабабашро ҳам хоҳам гуфт. Ман худам раиси ноҳия будам ва медонам, ки ин бевиҷдонҳо чӣ гуна муносибат доранд. Вақте ба мақоми додситонӣ мерасанд, ҳатто роҳгардияшон иваз мешавад ва дигар касеро ба назар намегиранд. Ҳамаи инҳоро хуб медонам",- изҳор дошт вай дар ҷаласа.

Шавкат Мирзиёев кормандони мақомоти додситонии давраи президенти пешини Узбакистон Ислом Каримовро "партов" номида, гуфт, дар ҳар сурат маъмурони ин соҳаро то охирин нафар иваз хоҳад кард. "Додситони кулли нав таъйин кардем. 80%-и кормандонро тағйир дода, мақомоти додситониро аз партовҳо пок кардем. Вале ҳанӯз ҳам 15-20%-и кормандони низоми пешини ғоратгар мондаанд. Аз ҷумла, Ҷамшед Файзиев, додситони вилояти Тошканд. Ӯ ҳам одами ҳамон низом аст. Додситониро пурра аз ин гуна ашхос пок хоҳем кард. Ё додситон хуб кор мекунад ё мо додситониро аз байн мебарем. Додситонҳо сабаби бадбахтии мардум шудаанд. Агар одилона кор накунанд, ҳамаашон ронда хоҳанд шуд",- афзудааст ӯ.

Президенти Узбакистон ба қасру хонаҳои боҳашамат ва мошинҳои гаронарзиши додситонҳо ишора карда, гуфт, бархеи онҳо ҳатто номи худро дуруст навишта наметавонанд. "Додситон замоне зиндагии хуб хоҳад дошт, ки мардум хуб зиндагӣ кунанд. Ба мошину қасру хонаҳои онҳо назар кунед. Магар онҳо реактори ҳастаӣ ихтироъ кардаанд? Бархеашон ҳатто номи худро дуруст навишта наметавонанд. Онҳо бо зурию тағобозӣ додситон шудаанд. Ман онҳоро барои он нағз намебинам, ки кор намекунанд. Ҳоло бо шахсоне кор пеш бурда истодаем, ки ба иҷрои одилонаи вазифаи худ талош мекунанд",-изҳор доштааст Мирзиёев.
Мӯҳр
Cаид
Офарин чаноби Мирзиёев

Қанд занед Мирзиёев ,президент бояд мардуми бошаду бо дили мардум роҳ ёбад

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)