Лунгин филми наваш дар бораи ҷанги Афғонистонро дар Тоҷикистон навор мегирад
Павел Лунгин, коргардони шинохтаи рус қисматҳои асосии филми ҳунарии “Братсво” (Бародарӣ)-ро, ки аз ҷанги Афғонистон қисса мекунад, дар Тоҷикистон навор хоҳад гирифт.
Бино ба иттилои расонаҳои русӣ, ин тасмим дар пайи вазъи ноороми Афғонистон гирифта шудааст.
Ин филм дар асоси ҳодисаҳои воқеии ҳузури артиши Шӯравӣ дар Афғонистон нақл мекунад. Дар маркази сужа амалиёти марбут ба двизияи 108-уми тирандози хушкигард аз Чорикор ба Соланг қарор дорад.
Ба иттилои расонаҳо, бар иловаи Тоҷикистон коргардон қасд дорад, бахше аз қисматҳои онро дар Қирғизистон ва Доғистон навор бигирад.
Павел Лунгин гуфтааст, филми “Братство” аз назари ахлоқӣ ба филми сохти шӯравии “Они сражались за Родину” (Онҳо барои Ватан ҷангиданд) монанд аст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |