Камбудиҳои кадрӣ: Омӯзгор-раиси кишоварзию меъмор-масъули сармоягузорӣ

Агентии хизмати давлатӣ тайи шаш моҳи соли ҷорӣ камбудиҳои ҷобаҷогузории кадрҳоро дар мақомҳои давлатӣ ошкор кардааст.
Ҷумъа Давлатов, раиси Агентии хизмати давлатии назди Президенти Тоҷикистон имрӯз, 4-уми август зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, санҷишҳо дар ҳукуматҳои маҳаллии навоҳии Лахш, Айнӣ, Қубодиён, Ёвон, Роштқалъа, шаҳри Панҷакент ва раёсатҳои адлия ва шуғли аҳолии ВМКБ гузаронда шуданд: “Муайян шуд, ки дар мақомоти иҷроияи ноҳияи Лахш аз соли 2013 то 2016 озмун барои ишғоли мансабҳои холӣ нагузаронда, кормандон бидуни озмун ба мансабҳо таъин шуданд”.
Давлатов афзуд, ки инчунин талаботи тахассусӣ зимни таъин ба мансабҳои давлатӣ дар ноҳияи Лағш риоя нагардидаст: “Мудири шуъбаи кишоварзии ноҳия бо таҳсилоти олии нопурраи омӯзгорӣ, мудири бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ бо ихтисоси меъмор-муҳандис, котиби комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдаки ноҳия бо ихтисоси технологияи истеҳсолоти полиграфӣ, раиси ҷамоати шаҳраки Ваҳдат бо таҳсилоти олии нопурра, сармуҳосиби ин ҷамоат бо таҳсилоти миёнаи касбӣ таъин шудаанд”.
Ба иттилои манбаъ дар ноҳияи Айнӣ озмунҳо бидуни эълон ташкил шуда, дар натиҷа довталабони кам ҷалб гардидаанд: “Инчунин таъиноти муваққатӣ ва риоя нагардидани талаботи тахассусӣ ошкор гардиданд”.
Давлатов таъкид намуд, ки бархе раисони навоҳӣ мансабдоронро бидуни мувофиқа бо мақомоти марказӣ таъин кардаанд: “Барои камбудиҳо дар соҳаи хизмати давлатӣ 3 нафар ба ҷавобгарӣ кашида шуданд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |