Додситонӣ: Маҳмадиев баъди суҳбат бо “Абу-Усомаи Норакӣ” ба Сурия рафтааст

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе як сокини пойтахтро барои 15 сол равонаи зиндон кардааст. Ба иттилои Додситонии кулл, ӯ қасд доштааст ба Сурия биравад ва дар ҷангҳо иштирок кунад.
Манбаъ мегӯяд, Маҳмадиев М.Ф. моҳи феврали соли 2015 ҳангоми дар шаҳри Шарҷаи Дубай қарор доштанаш ба барномаи “Роҳнамо ба сӯи давлати исломӣ”-и шабакаи интернетии “ZELLO” пайваст шуда, бо шаҳрванди Тоҷикистои бо тахаллуси “Ҷундулло” ошно гардидааст: “Ба даъватҳои ӯ бобати иштирок дар ташкилоти террористиву экстремистии “Давлатӣ исломӣ” ғоя ва акидаҳои ин ташкилотро ҷонибдорӣ карда, дар барномаи мазкур худро бо номи “Салимов А.” ба қайди расмӣ гирифтааст. Дар ин раванд Маҳмадиев М.Ф. бо дигар аъзоёни ин ташкилот бо номҳои “Муҳаммад Муъовия”, “Сайфулло”, “Абу-Муҳаммад”, “Халид-ибн-Валид”, “Абду-Довуд” ва “Абу-Усомаи Норакӣ” гуфтушунидҳо намуда, ақида ва ғояҳои онҳоро дастгирӣ намуда, дар робита бо онҳо қарор гирифтааст”.
Торнамои Додситонии кулл навиштааст, Маҳмадиев охирҳои моҳи феврал бо мақсади ба узвияти гуруҳи террористии “Давлати исломӣ” пайвастан ва дар муқовиматҳои мусаллаҳонаи давлатҳои Сурия ва Ироқ иштирок намудан, тавассути ҳавопаймои хатсайри Дубай-Истамбул ба Туркия парвоз намуда, ба Сурия гузаштааст: “Минбаъд, Маҳмадиев М.Ф. ба давлати Туркия баргашта ва аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дастгир гардида, ба Тоҷикистон истирдод шуд”.
Аз номҳое, ки додситонӣ аз қавли Маҳмадиев гуфтааст, бо онҳо иртибот дошт, “Абу Усомаи Норакӣ” барои расонаҳои Тоҷикистон ошно аст. “Абу Усомаи Норакӣ”, ки номи аслиаш Тоҷиддин Назарови 30-сола, сокини деҳаи Узбеклангари шаҳри Норак аст, “хатарноктарин” таблиғгари тоҷики гуруҳи террористии ба ном “Давлати исломӣ” гуфта мешавад. Ӯ охири соли 2014 ба ин гуруҳ пайваста, тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ақидаҳои ДИИШ-ро таблиғ мекунад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |