Барои Бузургмеҳр Ёров боз 17 соли зиндон талаб карданд
Додситон бар пояи моддаҳои “таҳқири оммавии Президент” барои вакили дифоъ -- Бузургмеҳр Ёров 5 ва барои “қаллобӣ” 12 соли зиндон талаб кардааст. Аммо бо таваҷҷуҳ ба ин ки Ёров дар гузашта барои 25 сол равонаи зиндон шуд ва ҳадди ниҳойии ҳабс дар Тоҷикистон 30 сол ё ҳабси абадро ташкил медиҳад, хостори дар маҷмӯъ 30 сол аз озодӣ маҳрум кардани ӯ шудааст.
Заррина Набиева, ҳамсари Бузургмеҳр Ёров ба Радиои Озодӣ гуфтааст, мурофиа дар боздоштгоҳи муваққатии рақами яки пойтахт баргузор шуд ва Додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ қарор кардааст, Бузургмеҳр рӯзи сешанбеи 8 август сухани охирини худро бигӯяд.
Бузургмеҳр Ёров моҳи октябри соли 2016 ва марти соли 2017 дар пайи ду ҳукми додгоҳ 25 сол ҳукм гирифт. Ӯ дар “даъвати оммавӣ барои ба амал баровардани фаъолияти ифротгароӣ”, “беэҳтиромӣ ба намояндаи додгоҳ” ва “таҳқири намояндаи ҳокимият” муҷрим шинохта шуд. Баъдан, нисбати ӯ бар асоси моддаи “таҳқири оммавии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” парванда боз шуд.
Бузургмеҳр Ёров моҳи сентябри соли 2015 баъди он ки эълон кард, Кумитаи дифоъ аз аъзои дастгиршудаи Ҳизби мамнӯи наҳзати исломии Тоҷикистонро таъсис медиҳад, боздошт шуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |