Бахшҳо

Омбудсмени кӯдак гуфт, аз марг дар “маршировка” огоҳ нест (ВИДЕО)

Раҷабмоҳ Ҳабибуллоҳзода, ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Тоҷикистон гуфт, дар мавриди ҷалби иҷбории ноболиғон ба “маршировка”-ҳо шикояте дарёфт накардааст.

Ҳабибуллоҳзода имрӯз, 3-юми август зимни шарҳи хабарҳо, ки гӯиё Сабрина, як хонандаи синфи 9, дар пайи “маршировка” дар шаҳри Ваҳдат ҷон додааст, гуфт дар ин бора иттилое надорад: “Маълумот дар мавриди ҳалокати як хонандаи мактаб дар натиҷаи маршировка дар шаҳри Ваҳдат барои ҷашни Ваҳдати миллиро мо надорем”.

Дар мавриди ҷалби ноболиғон ба “маршировка”-ҳо омбудсмени кӯдак гуфт, ҳар шахс бояд ҳисси миллӣ дошта бошад ва кӯдакону калонсолон бояд дар ҷашнҳои сатҳи миллӣ иштирок кунанд: “Ин ҷо ягон поймолкунии ҳуқуқи кӯдакон дида намешавад”.

Зариф Ализода, ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон иштирок дар маршировкаро ихтиёрӣ ва барои ҷавонону ҷомеа манфиатовар хонд: “Мо қадамҳои аввалро гузошта истодаем дар ин самт”.

Дар баробари ин Ализода таъкид намуд, муассисаҳое, ки ҷавононро ба маршировка сафарбар мекунанд, бояд донанд, ки “кадом кӯдак имконият надораду бемор аст, ё ягон узри дигар дорад ва бояд ҷалб карда нашавад. Бояд ғамхорӣ карда, кӯдаконро бо обу дигар лавозимот таъмин кунанд”.

Изҳороти омбудсменҳо дар ҳолест, ки моҳи июн дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҳалокати Сабрина, як хонандаи синфи 9 дар ҷамоати Ваҳдатободи шаҳри Ваҳдат хабар дода шуд, ки гӯиё ҳангоми "маршировка” аз зарби офтоб беқувват шуда буд. Баъдан аз қавли табибон иттилоъ нашр гардид, ки гӯиё Сабрина бемории ҷоғар доштааст.


Мӯҳр
Ин иттиллот дар шабакаи чахони пахн шудаасту "омбудсменхои точики" бехабар)))))))

Агар маълумот медоштед чи кор карда метавонистед,аз дастатон чи меомад? Хеч чиз .Зеро шумо "холостой патрон"-ед.

Пурдил
Озодагон номи ОЗОДАгонро хайф кардед! Дар сомонахо ичтимо не аник дар чандин хабаргузорихо ин хабар чоп шуда буд Шумо хобед! Бисёр ноадолатона рафтор мекунанд хокимияти махал ва дар ин масъала хабанигорон низ!

Аз хисоби хамин рузи Вахдати Милли мардуми шахри Вахдат то хол маоши худро нагирифтаанд 4-мох мешавад. Озодагон илтимос чоп кунед. Мардуми Ш. Вахдатро тахдид карданд, ки то ба хечкас мурочиат накунанд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)